Маҳсулоти Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи Селангор муаррифӣ мегардад

Маҳсулоти Тоҷикистон дар 5-умин Саммити байналмилалии тиҷоратии Селангор 2021 ва Намоишгоҳи байналмилалии Селангор (ғизо ва нушокиҳо) таҳти унвони «Фардо, имрӯз!», ки 18 ноябр оғоз гардид, муаррифӣ мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия хабар медиҳад.    

Дар Намоишгоҳи байналмилалии Селангор (хӯрокворӣ ва нушокиҳо) Сафорат маълумотҳоро дар бораи маҳсулот ва истеҳсолкунандагони миллӣ, намунаҳои маҳсулот ва наворҳои видеоиро, бахусус аз ширкатҳои ватании ғизо ва нӯшокиҳои «Сиёма», «Баракат Исфара», «Амирӣ», «Витаминхои Тоҷикистон», «Ширин» ва гайраро ба маърази тамошобинон гузоштааст.

Намоишгоҳи мазкур ҳамчун як платформаи тиҷоратӣ барои пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик дар бозорҳои хориҷӣ, бахусус дар Малайзия ва рушди иқтидори содиротӣ, боз кардани бозорҳои нав барои маҳсулот, тавсеаи ҳамкориҳо миёни ширкатҳои Тоҷикистону Малайзия ва ҳамчунин ҷалби сармояро мебозад.

Тибқи иттилои созмондиҳандагони Саммити байналмилалии тиҷоратии Селангор дар соли ҷорӣ 500 ширкатҳои байналмилалӣ маҳсулотҳои худро ба намоиш гузошта, дар давоми 4 рӯзи чорабинии сатҳи байналмилалӣ беш аз 10,000 меҳмононро интизоранд.

Намоишгоҳ то 21 ноябр идома мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: