Маҳфили гиромидошти соҳиби «Хонаи асрори маънӣ» дар Китобхонаи миллӣ

Бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар толори «Ошёни булбулон» маҳфили адабӣ оид ба гиромидошти хотираи шахсияти фарҳангӣ, муассиси китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» Рамазон Ғозӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар маҳфил дўстону пайвандон, ҳамкорону ҳамкасбон, аҳли адабу ҳунар, кормандони фарҳангу санъат ва шогирдону пайравони марҳум ширкат намуданд. Ҳозирин дар бораи зиндагиномаи Рамазон Ғозӣ ва китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» изҳори андеша намуда, таъкид намуданд, ки «шахсияти устод Рамазон Ғозӣ намунаи инсони комил ва мояи пайравию тақлид аст».

Гадобек Маҳмудзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба вазъи кунунии ҷомеа ва мавқеи китобу китобхона таъкид намуд, ки «дар замони ҳассоси муосир, ки тамоми арзишҳо бо иқтисод ва сармоя пайваста шудаанд, Рамазон Ғозӣ новобаста аз вазъи мушкил аз маблағҳои пасандозӣ ва бо дастгирии дўстону пайвандон як китобхонаи муосир бунёд намуда, ба ихтиёри ҷамъият ва наврасону кўдакон супоридааст.  Дар замоне, ки мардум барои худ кушку қаср месозанд, марҳум Рамазон Ғозӣ китобхона бунёд намуд. Ин худ нишондиҳандаи шахсияти эшон аст».

Ба иттилои манбаъ, китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» соли 2012 дар ноҳияи Муъминобод таъсис шуда, зиёда аз 6 ҳазор нусха китоб дорад ва дар он маҳфилҳои «Модарон китоб мехонанд», «Китобхони беҳтарин», «Маҳфили физикҳои наврас» ва курсҳои забономўзӣ фаъолият мекунанд.

АМИТ "Ховар"