Лю Вучол: «Ман шефтаи санъати кундал ва чакани тоҷикӣ мебошам»

Шамсиддин ОрумбекзодаВазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода 13 март кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Вучолро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳарчи бештари ҳамкории фарҳангӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2019 суҳбат намуданд.

Лю Вучол иброз дошт, ки соли равон баргузории Ҳафтаи Корея дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ҳафтаи мазкур аз мусобиқа оид ба таэквандо, Фестивали филмҳои кореягӣ ва рӯзи Корея иборат хоҳад буд.

Вазири фарҳанг иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ки мардуми Тоҷикистон нисбат ба фарҳанг ва санъати Корея эҳтироми хосса доранд ва онро меписанданд. Минбаъд дар доираи имкониятҳо ташкили чорабиниҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар музофоти кишвар низ барои шинос гардонидани аҳолӣ бо фарҳанг ва санъати Корея мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо инчунин оид ба фаъолияти Кумитаи «Санъати афсонагӯӣ»-и кореягӣ, ки нашри афсонаҳои муаллифонро аз Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад, изҳори андеша намуда, онро барои рушди санъати афсонагӯӣ ва муттаҳид гардонидани кӯдакони кишварҳои гуногун муҳим арзёбӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, мулоқот дар фазои хушу дӯстона сурат гирифт ва дар фарҷоми он ба Лю Вучол аз номи Вазорати фарҳанг мусаввараи кундал, ки аз нақшҳои чакан иборат буд, тақдим гардид.

Лю Вучол изҳори сипос намуда, гуфт, ки «ман шефтаи санъати кундал ва чакани тоҷикӣ мебошам».

АМИТ «Ховар»