Ливои баҳамоварандаи миллат – ҳамоиш дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии мамлакат дар мавзӯи «Парчами давлатӣ — рамзи шинохти асолати миллӣ» ҳамоиш доир гардид.

Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ изҳор кард, ки “ҷашни Парчами давлатӣ бо Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ робитаи бевосита дорад, зеро маҳз дар ин иҷлосияи сулҳовар рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуданд.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз қабул гардидани Парчами давлатӣ дар ҳамин Иҷлосияи Шӯрои Олӣ ҳамчун нишони эҳтирому садоқати ватандӯстӣ онро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа оғоз карданд. Чунин арзи эҳтироми Сарвари тозаинтихоб ба Парчами давлатӣ нахустин қадами самимӣ ва садоқат дар ҷодаи ба ҳам овардани миллат буд. Зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо тавонистем ба низову даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ муваффақ гардем”.

Иштирокдорони ҳамоиш зикр карданд, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим чун рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус муайян шудааст. Аввалин парчами қадимии тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ шинохта мешавад.

Дар низоми давлатдории навини тоҷикон низ Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дорои аҳамияти бузург мебошад ва он ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз таҳкими Истиқлолияти миллӣ, давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои он, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Ифтихор кардан аз Парчами давлатии хеш ва расидан ба қадри он қарзи шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеаи кишвар мебошад.

Дар ҳамоиши идона судяи Суди Олии иқтисодӣ Н. Нуриддинзода дар мавзӯи «Парчами давлатӣ- ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд» ва котиби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ф. Амрихудозода дар мавзӯи «Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори   давлати миллии тоҷикон» маърӯза карданд.

АМИТ "Ховар"