«Лимонад №1» ва «Хаватаг №1 Докторская» дар намоишгоҳи «ProdExpo-2020» соҳиби ду медали тилло гардиданд

Обҳои ташнагишикани «Лимонад №1» ва «Хаватаг №1 Докторская»-и  ширкати «Евро Азия-2005»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», ки дар  доираи намоишгоҳи «ProdExpo-2020»  дар шаҳри Москва доир шуд,  соҳиби 2 медали тиллоӣ гардиданд. Дар ин хусус  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Назар ба иттилои сарчашма, ҳамзамон созмондиҳандаи ширкати «Евро Азия-2005»-барои саҳмгузорӣ дар соҳаи истеҳсоли хӯрокворӣ бо медал сарфароз гардид. 27-умин намоишгоҳи  байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «ProdExpo-2020» аз 10 то 14 феврал дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон аз навоҳии  тобеи марказ вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, ки ба истеҳсоли  нӯшокиҳои ташнагишикан, меваҳои хушк, лимӯ, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, иштирок намуданд.

«ProdExpo-2020»  бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Россия ва Аврупои Шарқӣ  арзёбӣ гардида, тибқи иттилои манбаъ, намоишгоҳи «ProdExpo-2020»   беш аз 2600 иштирокчиро аз 70 кишвари ҷаҳон дар Москва ҷамъ  оварда буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: