КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ҷадвали ҳаракати қатораҳо тағйирот ворид кард

Мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талабу дархости аҳолии ҷумҳурӣ дар ҷадвали ҳаракати қатораҳои мусофирбари хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Душанбе ва Душанбе-Қӯрғонтеппа-Хушодӣ, Хушодӣ-Қӯрғонтеппа-Душанбе, ки ба муносибати таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд, тағйирот ворид карда шуд.
Минбаъд қатораҳои мазкур аз вокзали Душанбе рӯзҳои сешанбе ва шанбе соати 8:00, дар бозгашт аз истгоҳи Кӯлоб ва Хушодӣ рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе соати 8:00 ба сафар мебароянд.
Мусофирон метавонанд барои гирифтани билети сафарӣ ба хазинаҳои билетфурӯшии роҳи оҳан, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атроф фаъолият доранд, муроҷиат намоянд. Барои дастрас кардани билети сафарӣ дар ҳама хазинаҳои билетфурӯшӣ имкониятҳо муҳайё мебошанд.
Хизмати баландсифат ва бехатарии мусофирон ҳангоми ҳаракат дар қатораҳои мусофирбарӣ кафолат дода мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: