Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: роҳҳои мошингард ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда аз барф тоза мешаванд

Дар пайи боридани барфи шадиди шабонарӯзи гузашта дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе масъулини сохторҳои дахлдор ба тоза намудани роҳҳои мошингард ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда шурӯъ намуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон бинобар боридани барф ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 10 апрел ҳаво дар ҷумҳурӣ номусоид боқӣ монда, боридани борони ба барфи тар табдилёбанда пешгӯӣ мешавад.

«Дар ин замина барои анҷом додани корҳои пешгирикунанда  дар самти ҳифзи аҳолӣ аз рух додани ҳодисаҳои табиӣ, алалхусус ҳангоми ҳаракат тариқи роҳҳои кӯҳӣ, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт ва филиали ширкати «IRS» навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуд»,- афзуд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳҳои мошингарди «Душанбе-Чаноқ» «Душанбе –Лахш» ва «Душанбе–Хоруғ» нуқтаҳои навбатдорӣ ташкил гардида, навбатдории шабонарӯзӣ идома дорад.

-Ҳадафи ягонаи мо,- гуфт Умеда Юсуфӣ, дар ин рӯзҳо таъмин намудани бехатарии шаҳрвандон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо мебошад.

«Гарчанде бориши пуршиддати борон дар минтақаҳои мамлакат ҳамоно идома дошта бошад ҳам, шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи роҳандозии корҳои пешгирикунандаи масъулин ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст»,- афзуд мавсуф.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки дар доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз роҳандозии корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

«Зеро бориши зиёди борону барф хатари омадани сел, фаромадани ярч, тарма ва сангрезиро дар ин муддат зиёд мегардонад»,- гуфт Умеда Юсуфӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудлофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар ҳолати пайдо шудани муроҷиат ва сар задани ҳодисаҳои табиӣ ба рақами навбатдории «112» дар тамос шаванд.

АМИТ «Ховар»/

Tags: