Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар дили мактабиёни пойтахт меҳри китобро ҷо мекунанд

Ҳайати кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 54, № 44 ва № 62-и пойтахт рафта, дар доираи барномаи ҷалби хонандагон ба китобу китобхона бо хонандагони ин мактабҳо суҳбатҳо доир намуданд.
Масъулин дар суҳбат доир ба фаъолият ва имкониятҳои КМТ гуфтугў намуда, баъдан ба саволҳои хонандагон ҷавоб гардониданд. Барои маълумоти бештар пайдо намудан оид ба КМТ ба онҳо маълумотномаҳо тақсим карда шуданд.
Гурўҳи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ масъулин ба хубӣ пазироӣ намуда, барои суҳбат бо хонандагон шароити мусоид фароҳам оварданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: