Конфронси илмӣ бахшида ба иди Наврӯз дар Хоруғ

Декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ Азатшо Насриддиншоев зимни ифтитоҳи конфронси илмӣ ба  таври фишурда дар бораи вижагиҳои хоси иди Наврӯз дар ин ё он манотиқи кишвар ҳарф зада, изҳор дошт, ки «он расму суннат ва анъанаҳои наврӯзие, ки ниёгонамон барои мо ба мерос гузоштаанд, дар ягон мамолики Машриқзамин ба чашм намерасанд. Дар чаҳор гӯшаи Тоҷикистон ин ҷашн бо сад рангу тобиши маънӣ баргузор мегардад ва барои тафсиру таъбирашон шояд соатҳо камӣ мекунад. Дар ҳар яке аз ин  расму суннатҳои наврӯзӣ  панду андарзҳо ва ҳикматҳои ҷовидонӣ вуҷуд доранд ва  агар одамон мутобиқи онҳо амал кунанд, дар зиндагӣ камтар бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд».

Дар конфронс зикр шуд, ки маҳз ҳамин арзишҳои баланди маънавию маърифатӣ умри Наврӯзро то ба 6 ҳазор сол расонданд ва то дунё ҳаст, Наврӯз аз байн нахоҳад рафт.

АМИТ «Ховар»