Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи Гран-прии Будапешт ҷои ҳафтумро соҳиб шуд

Аз  12  то 14 июли соли равон  дар шаҳри Будапешти Венгрия Мусобиқаи Гран-прии Будапешт баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 550 нафар варзишгарон, аз ҷумла 344 мард ва 206 зан аз 82 кишвари сайёра иштирок ва  байни ҳам ҳунарнамоӣ намуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Алӣ Шариф ба мухбири АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон хабар дод.  

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ 4 паҳлавони шинохта- Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ карданд. Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар рақобатҳои нахустини хеш аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд. Акмал Муродов дар вохӯрии якуми хеш дастболо шуда, дар даври дуюм аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.

Паҳлавони  маъруфи тоҷик  Комроншоҳи Устопириён дар вазни – 90 кг дар мусобиқаи мазкур дар се рақобати  хеш бар ҳарифонаш дастболо шуд. Сипас дар даври чорум Комроншоҳи Устопириён аз  паҳлавони шинохтаи  японӣ – Мукаи Шойчиро мағлуб шуда, рақобатҳоро барои ба даст овардани нишони биринҷӣ идома дод. Мутаассифона, паҳлавони тоҷик барои ишғоли зинаи сеюм низ аз намояндаи Гурҷистон – Бека Гвиниашвили шикаст хӯрда, аз медали биринҷии Гран-прии Будапешт маҳрум шуд. Ҳамин тавр Комроншоҳи Устопириён дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ҷои 7-умро ишғол намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: