«Комбинати шир»-и Хуҷанд навсозӣ шуда, дар он бо кор таъмин гардидани беш аз 400 нафар дар назар аст

Бо талоши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд   дар ҳамкорӣ бо  бахши хусусӣ собиқ корхонаи «Комбинати шир»-и шаҳри Хуҷанд иқтидори пешинаи  хешро аз нав барқарор менамояд. Муассиси корхонаи мазкур,   соҳибкор Раҳмонбек Раҷабов бо таҳияи лоиҳаи бузург ва ҷалби 20 миллион доллари амрикоӣ якҷо бо шарикони рушд онро эҳё карданист. Дар назар аст, ки дар ин корхонаи бузург беш аз 400 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре соҳибкор Раҳмонбек Раҷабов гуфт, аллакай гуфтушунид бо шарикони тиҷоратӣ ба воситаи Бонки Аврупоии  Таҷдид ва Рушд ҷараён дошта, коршиносон заминаҳои моддӣ ва ҳаҷми истеҳсолотро муайян намудаанд.

«Тибқи лоиҳа корхона дар якчанд марҳила навсозӣ гардида,  дар он истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ  ба роҳ монда мешавад. Татбиқи марҳилаи аввали лоиҳа дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба анҷом хоҳад расид»,- афзуд манбаъ.

Хотиррасон менамоем, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур боздид намуда, барои ҳарчи зудтар бакорандозии он  дастуру супоришҳои мушаххас  дод. Таъкид шуд, ки барои фаъолияти пурсамар тамоми имконоти майдони истеҳсолот мавҷуд буда, маҳсулоти хом дастрас аст.

Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар вилояти Суғд ба истифода додани 119 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2308 ҷойи нави корӣ дар назар дошта, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 48 корхонаву коргоҳи нав бо 650 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: