КИТОБИ НАВ: Нигоҳи илмӣ ба масъалаҳои мубрами рушди миллӣ

Дар нашриёти «Контраст»-и   шаҳри Душанбе  нашри  дуюми    такмилёфтаи    китоби  дипломати  тоҷик,  доктори   илмҳои  таърих    Зафар  Сайидзода  бо  номи  «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар  ҳаҷми  640  саҳифа ба забони тоҷикӣ  аз чоп баромад.

Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ – гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, татбиқи  амалии омӯзаҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат, таъмини рушди устувору босуботи мамлакат  дар  арсаҳои мухталиф  ва  ба  ин хотир  фароҳам  овардани  шароити мусоиди берунӣ   бахшида шудааст.

Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмӯъ,  доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.

Шакли электронии онро аз сомонаи интернетии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайдо кардан мумкин аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: