Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ноҳияи Данғара дидан намуд

13 ноябр ҳайати Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафири Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд.

Меҳмонон аз Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва Донишгоҳи давлатии Данғара дидан намуданд.

Аъзои ҳайати фарҳангӣ  иброз намуданд, ки «мо як халқ ҳастем, ки бо ду забон сухан мегӯем. Мо ҳамдигарро бидуни тарҷума мефаҳмем. Мо урфу одат, санъату ҳунари ягона дорем. Мо хушбахт аз онем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлат роҳҳои нав ба нави ҳамкорӣ боз шуда, муносибатҳо торафт зичтар ва судмандтар мешаванд».

Ба қавли меҳмонон, баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ боз як қадами мустаҳкаме барои таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ мебошад.

Сипас дар толори Қасри фарҳанги шаҳр барномаи консертии ҳунарпешаҳои ӯзбек баргузор гардид.

Барномаи консертии ҷолиб, ки дар он ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, ансамбли «Мақом» ва ансамбли рақсии «Тошкент зеболари» ҳунарнамоӣ намуданд, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд.
АМИТ «Ховар»

Tags: