ҲАМПОЁНИ РОҲ ВА ҲАМДАСТОНИ ТАЪРИХ. Ба муносибати сафари қарибулвуқӯи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Хусусияти барҷаста ва имтиёзи бузурги робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро дар тӯли ҳазорсолаҳо ду омили муҳим — муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва пайвандҳои адабиву фарҳангӣ шакл дода,  таҳаввул бахшидааст.

Робитаҳои хеле наздик ва ба ҳам даромехтаи иқтисодиву  фарҳангӣ маҳсули зисти якҷоя дар як обу хок буда, меҳнати якҷоя ва суннатҳои муштарак дар давоми асрҳо ба ин ҷараён таъсиргузор будааст. Ҳанӯз Алишер Навоӣ дар «Муҳокимат-ул-луғатайн» хусусияти ваҳдат, иттиҳоди иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро, ки дар тӯли замонҳо ҳампоёни роҳ ва ҳамдастони таърих будаанд,  мушоҳида карда, навишта буд: «Дар байни ҷавону пир, балки ҳамаи калону хурди ин ду тоифа ихтилот ба як андоза аст. Ҳар қадар ин якро бо он як омезиш ва гуфтор бошад, он якро ҳам бо ин як ба ҳамон андоза такаллум ва гуфтор ҳаст».  Дар ҳамин матн устод Айнӣ тоҷикону ӯзбеконро «як халқи дузабона» унвон карда, баъдтар Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода бо муҳаббат ва ифтихор навишта буд:

Фарқи ҳама мардумони дигар осон,
Лекин шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик

Бинанда чунин суоле орад ба миён:
-Эй ҷӯра, бигӯ ту ӯзбакӣ ё тоҷик?

Воқеан ҳам тоҷикону ӯзбекон дар тӯли таърих дар як муҳити ҷуғрофӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зиста, дар неку бад ва ғаму шодии ҳам  ҳамеша шарик  будаанд. Бузургтарин фоҷиаҳои  таърихро, аз ҳуҷуми арабҳо сар карда, то фоҷиаҳои Чингиз  якҷоя пушти сар карда,  талхиҳои рӯзгору шириниҳои онро бо ҳам қисмат намудаанд.Таърих ҳуҷҷатҳоеро ҳифз кардааст, ки далели қиёмҳои истиқлолхоҳонаи тоҷикону ӯзбекон ба муқобили душманони муштаракашон низ  ҳаст. Ба ифодаи дигар, робитаҳои ин ду халқ фақат ба замони муайян маҳдуд нашуда,  умқ ва вусъати таърихиву паҳнои замонӣ дорад.

Ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба саргаҳи робитаҳои иҷтимоиву фарҳангии пешгузаштагони халқҳои тоҷику ӯзбек ишорати саҳеҳ доранд. Аз ҷумла,  академик Бобоҷон Ғафуров навишта буд, ки «унсури туркӣ ба таркиби ҷамъияти Осиёи Миёнаи асрҳои ҳафту ҳашт устувор дохил гардидааст…Аз ҳамин давра синтези расму одатҳо, ақидаҳои мазҳабӣ, маросим ва маданияти халқҳои эронизабону туркзабони Осиёи Миёна на фақат сар шудааст, балки пурмаҳсул давом кардааст». Ба ин  далел, пайдоиш ва истеҳком ёфтани унсури туркӣ дар  адабиёти шифоҳӣ ва китобӣ дар таърихи адабу  фарҳанги тоҷикон беасос набуд.

Таъсири мутақобилаи адабиёт ва фарҳанги тоҷикиву ӯзбекӣ, пеш аз ҳама,  дар осори шифоҳӣ, расму ойин ва эътиқодоти ин мардумон чашмрас аст, ки аз бисёр ҷиҳат ҷараёни таърихии инкишофи онро муайян намудааст. Иосиф Брагинский барҳақ навиштааст, ки «наздикӣ ва ҳатто мутобиқати комили ҷашнҳо, муҳтавои афсонаҳо, ягонагии зарбулмасалу мақолҳову муаммоҳо миёни ҳар ду халқ то он ҷо ба адабиётшиносону русумшиносон ва фолклоршиносон маълум аст, ки зарурати ёдкарди он нест».

Ҳамаи ин омилҳо барои тараққӣ ва пешрафти адабиёт ва фарҳанги ҳар ду халқ заминасоз омада,  дар навбати аввал ба нируи тоза пайдо кардани робитаҳои тарафайн, таъсири босамари мутақобила ва дороиафзоии адабиёту фарҳанги ду  тараф мусоидати комил намудаанд. Адибону донишмандони ҳар ду халқ дар тӯли таърих бо маҳсули эҷодии худ  ба ташаккули илму дониш ва адабиёту фарҳанги тоҷикону ӯзбекон мусоидати комил намудаанд. Ба ин дастур, дар давоми асрҳо ин ду халқ соҳиби суннатҳои муштараки адабию фарҳангӣ, тарзи тафаккури ягонаи бадеӣ ва завқи адабӣ гардиданд. Дар адабиёти шифоҳиву китобӣ мавҷуд будани мавзӯъҳо, шаклу услубҳо ва тарзи баёни муштарак далели раднопазири гуфтаҳои болост. Ин тарзи таъсирпазирӣ,  бахусус  дар осори ҳамосӣ ва таронаҳо чашмрас аст. Ҳанӯз муаллифи «Қутадғу билиқ» (асри ёздаҳ) иқрор карда буд, ки ба шарофати тоҷикон афсонаи Рустаму Суҳроб ба онҳо  (ӯзбекон) расид. Дар адабиёти шифоҳии ӯзбек мавқеи хос доштани чеҳраи Рустам решаҳои таърихӣ дошта, далели қаробати сужаҳо, тасвирҳо ва андешаҳои бадеӣ миёни ин ду халқ мебошад. Дар адабиёти тоҷик, бахусус шеъри классикӣ нақш ва ҷойгоҳи хос доштани  образи турк  (пешгузаштагони ӯзбекон) ҳамчун намоди зебоиву далерӣ, шахсиятҳое чун Бектош аз қиссаи машҳури ишқӣ аз рӯзгори Робиаи Балхӣ ва аз тарафи Фаридаддини Аттор дар «Илоҳинома» истифода шудани он низ гувоҳи пайвандҳои амиқ ва таъсирпазириҳои судманди ин ду халқ аз воқеиятҳои таърихӣ ва адабии вобаста ба таърихи ҳамдигар мебошад. Робитаҳои решадор ва қавии адабию фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро санади дигар   дар равнақи адабиёти тоҷик саҳмгузор будани намояндагони халқи ӯзбек низ таъкид мекунад. Масалан, шоири ҳунарманди асри понздаҳи тоҷик Ҳилолӣ аслан аз пешгузаштагони ӯзбекон буд. Бедил ҳам ҳамтабори ӯзбекон буда, таҳаввулоти бузурги як давраи адабиёти тоҷикӣ марбут ба ном ва корномаи ҳунарии ӯст.

Бисёре аз шоирони ӯзбек, ки дар матни адабу фарҳанги тоҷикон парвариш ёфтаанд, осорашонро ба забони форсии тоҷикӣ навиштаанд. Ҳамчунин осори адибони тоҷик аз тарафи ҳамин гуна қаламкашони забондон ба ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Ин ҷараёни ҳамгироӣ бахусус дар асри понздаҳ ба авҷи олӣ расида, ҳамчун нуқтаи олӣ дар робитаҳои таърихии тоҷикону ӯзбекон арзёбӣ мешавад, ки бунёдгузори он шоири тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва асосгузори адабиёти ӯзбек Алишер Навоӣ мебошанд. Ба шарофати ин ду мард ва ҳимояту дастгири онон на танҳо адабиёт, балки тамоми соҳаҳои эҷодиёти бадеӣ ва илмии он замон дар таърихи робитаҳои тоҷикону ӯзбекон дурахши хоссе пайдо кард. Дар ин давра бо таблиғ ва дастгирии бевоситаи ин ду шахсият  «на танҳо назм, балки тамоми соҳаҳои дигари санъати бадеӣ-мусиқӣ, наққошӣ ва меъморӣ ба тараққиёти баланд ноил шуданд, оид ба назарияи назм ва мусиқӣ асарҳо ба вуҷуд оварда шуданд» (Раҳим Ҳошим).

Олитарин падидаи робитаҳои инсониву адабӣ дар таърихи тоҷикону ӯзбекон муносибатҳои Ҷомиву Навоӣ мебошад, ки дар таърих назир надорад. Бунёди муносибатҳои ин ду бузургворро ҳамфикрии комил дар масъалаҳои мушаххаси иҷтимоиву сиёсӣ,  нақши ҷамъиятии эҷоди бадеӣ, ахлоқӣ ва фалсафӣ фароҳам оварда буд. Онҳо пиромуни мушкилоти асосии замон баробар андеша карда, дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо бо маслиҳату дастгирии якдигар баробар мубориза бурда, ба натиҷаҳои матлуб даст меёфтанд. Ин ҳамфикриву собитқадамиро устод Айнӣ омили аслии муваффақияти Ҷомиву Навоӣ дар  фаъолиятҳои адабӣ, илмӣ ва сиёсӣ дониста буд. Ин дӯстиву ҳамкорӣ имрӯз ҳамчун намоди воқеии талошҳои якҷояи тоҷикону ӯзбекон дар роҳи адолати иҷтимоӣ ва ормонҳои созандаи инсонӣ ба назар меояд, ки ибратбахш буд ва ибратбахш мемонад.

Воқеан  ҳамчунон ки  ба эътирофи худи Навоӣ, шахсияти Ҷомӣ барои Навоӣ сарнавиштсоз аст.  Фаъолиятҳои адабиву иҷтимоӣ ва сиёсии Навоӣ низ барои тараққии адабиёту фарҳанги тоҷикӣ беназир аст.

Устод Айнӣ дар рисолааш «Алишер Навоӣ» дар бораи нақш ва ҷойгоҳи Навоӣ дар  таърихи робитаҳои тоҷикону ӯзбекон сухан карда, аз 57 китобе ёд меоварад, ки бевосита «бо ташаббус ва ёрмандии модӣ ва маънави»-и  Навоӣ ба забони тоҷикӣ навишта шудаанд ва дар онҳо номи бисёр адибон, олимон, хаттотону наққошон, навозандагону ҳофизон зикр гардидааст, ки Навоӣ дар тарбияи онон саҳм доштааст. Ҷомӣ ва Навоӣ аз зумраи мардони ангуштшумори таъриханд, ки новобаста ба гароишҳои мазҳабӣ ва тааллуқоти миллиашон ба халқҳои тоҷику ӯзбек, равнақи адабу фарҳанги онон фидокорона хидмат кардаанд,  ташаккул ва таҳаввули як ҷарёни хоси ҳамгироии адабиву миллӣ-зуллисонайн, яъне ба тоҷикиву ӯзбекӣ шеър гуфтан, асар эҷод карданро бунёд гузоштанд ва замонат доданд, ки аз асри понздаҳ ба ин тараф воқеияти муҳими ҳаёти адабии тоҷикону ӯзбекон аст. Дар ин замина танҳо метавон аз тарҷумаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ, «Саломон ва Абсол», «Юсуф ва Зулайхо», «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Шоҳ ва дарвеш»-и Ҳилолӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ» — и Восифӣ, «Равзат-ус-сафо»-и  Мирхонд, «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Тӯтинома», «Чордарвеш» ва ғайра ёд кард, ки дар асрҳои гузашта ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Омӯзиш, таҳқиқ, ва арзёбии қиёсии ин ҳодисаи муҳими робитаҳои адабии тоҷикону ӯзбекон тадқиқоти бештар хоста, алҳол гуфтанием, ки шоироне, ки  ба ду забон эҷод кардаанд ва осори адабиву илмӣ ва таърихии ин ду халқро ба тоҷикиву ӯзбекӣ тарҷума кардаанд, дар дороиафзоии адабиёту забони ҳар ду миллат саҳмгузор буда, ба ин васила,  ба қавӣ гардидани пайвандҳои маънавии халқҳо ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Коре, ки Ҷомиву Навоӣ ва пайравони онҳо дар асри понздаҳ оғоз карда буданд, дар давраи гардишҳои азими таърихӣ — даврони маорифпарвариву инқилоби русӣ ва баъди он  устод Айнӣ ва шогирдони ӯ идома дода, саҳифаи навро дар таърихи робитаҳои адабии ин ду халқ боз намуданд, ки то имрӯз идома дорад. Дар оғози садаи гузашта устод Айнӣ осорашро ба ду забон навишт. Айнӣ, ки беҳтарин  ва олитарин суннатҳои адабии гузаштаи халқҳои тоҷику ӯзбекро дар худ таҷассум намуда буд, дар заминаи нав зуллисонайниро барқарор кард ва такмил бахшид, ки заминагузори даврони нави робитаҳои халқҳои бародар мебошад.

Дар тӯли солҳо муҳимтарин осори адабиву илмӣ ва таърихии ҳар ду халқ ба забонҳои якдигар тарҷума шуда, дастраси хонандагон гардидааст. Хонандагони мо осори шоирону нависандагонашонро дар асл ва тарҷума мехонанд ва аз дастовардҳои ҳамдигар огоҳанд. Ҳамчунон ки осори адибон ӯзбек — Ғафур Ғулом, Ӯйғун, Зулфия ва дигарон ҷузъи андешаи бадеии хонандаи тоҷик қарор гирифтааст, осори Айнӣ,  Мирзо  Тусунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ ва дигар шоиру нависандагони тоҷик низ ҷузъи маънавиёти хонандаи ӯзбек аст.

Шоирону нависандагон ва донишмандони тоҷик, аз устод Айнӣ сар карда то Мирзо Турсунзодаву  баъдиниён бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳусни пайванди махсус доштанд. Бештарини онҳо, аз ҷумла,  Мирзо  Турсунзода, Сотим Улуғзода ва даҳҳои дигар парвардаи Дорулмуаллимини Тошканд мебошанд, ки дар ташаккули нируҳои адабиву илмии тоҷик таъсиргузор будааст. Он рӯзҳову саҳнаҳои зиндагӣ ва пайвандҳои маънавию иҷтимоии  тоҷикони донишҷӯ дар адабиёти ёддоштиву бадеии тоҷикӣ таҷассум гардидааст. Аз ҷумла,  Мирзо Турсунзода таассуроташро аз он рӯзҳо аз назари ҷавони шонздаҳсола ҳамчун шоири баркамол дар достони «Ҳасани аробакаш»  ба тариқи зер тасвир кардааст:

Менамудам нигоҳ роҳравон,
Бо муҳаббат ба кишвари ӯзбек.

Дӯстиро тарона мекардам,
Аз забони қаламкаши тоҷик.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки таҷрибави бои таърихии худ,  барои боз ҳам қавитар сохтани дӯстии ин ду халқи бародар дари сарҳади дӯстиро дубора боз кардаву ормонҳои чандинсолаи мардуми тоҷику ӯзбекро амалӣ карданд. Аз иқдомҳои неки Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари олии кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев имрӯз тоҷику ӯзбек боз ба хонаи ҳамдигар меоянд, шодиву хурсандӣ мекунанд, робитаҳои илмиву фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодии байни давлатҳоро мустаҳкамтар месозанд.

Пайвандҳои таърихии иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии тоҷикону ӯзбекон дар давоми асрҳо  василаи дороиафзоии мутақобил, ҳамгироӣ ва ҳамбастагии иқтисодиву иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии ду миллат буд ва яқин, ки имрӯзу фардо низ ҳамин рисолаташро барои осоиши руҳиву маънавии ҳар ду миллат ба ҷо хоҳад овард.  Таҷрибаи таърихӣ ва фарҳангии миллатҳои мо дар ин замина сархати ҳуҷҷатест, ки ҳамчун шаҳодатномаи дӯстии қарин ва якҷоягии дерин дар масири замонҳо эътибор дошту эътибораш боқӣ хоҳад монд.

Сайрам  БАҚОЗОДА,
номзади илми филология