Ҳамарӯза аз фермаи «Мадина»-и ноҳияи Ёвон ба Комбинати коркарди шири Душанбе 600-650 литр шири хушсифат мебаранд

 Фермаи ширию молии ҶДММ «Мадина»-и ноҳияи  Ёвон соли 2013 барои нигаҳдории 1200 сар чорвои калони шохдор бо маблағи 300 ҳазор доллари ИМА дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳана ташкил карда шудааст. Ҳамон сол аз Ҷумҳурии Беларус ба ферма 60 сар ғуноҷини зоти «сиёҳало» ворид гардида буд, ки айни замон шумораи онҳо ба 138 сар расидааст (аз он 50 сар модагов).
Чорводорони ферма барои фасли зимистон барои ҳар саршумори шартӣ 18-19 сентнер воҳиди хӯрокӣ захира менамоянд. Модаговҳои фермаи мазкур ҳоло дар як сол 3200-3300 литр шир медиҳанд ва бо калонсол гардидани онҳо ин нишондиҳанда то ба 405 литр мерасонанд.
Айни замон ҳамарӯза аз ферма 600-650 литр шири хушсифат ба Комбинати коркарди шири Душанбе фиристода мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: