Қабули қарор «Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо» қарор қабул кард. Мутобиқи он шароити нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо муайян ва масъулияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин соҳа муқаррар шуданд.

Тибқи қарори мазкур  нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо мутобиқ ба меъёрҳо ва стандартҳои экологӣ, санитарию гигиенӣ, меъморию шаҳрсозӣ, сӯхторнишонӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Қабристонҳо бояд ҳар рӯз барои зиёрат ва дафн кушода  бошанд.

Мувофиқи ин қарор дар ҳудуди қабристон вайрон намудани қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳозир шудан дар ҳолати мастӣ, шикастан ва нобуд сохтани санги мазор ва ниҳолу дарахтҳо, сӯзонидани растаниҳои хушк ва дигар мавод, чаронидани чорво манъ мебошад.

Гуфта мешавад, назорати иҷрои тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шуда, барои риоя накардани тартиб шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Tags: