Қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДПДТТ) дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ- назариявӣ оид ба қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, доир гардид.

Зимни ҳамоиш Хуршед Мақсудов, муовини ректор оид ба таълими донишкада иқдоми навбатии Сарвари давлатро оид ба ҳифзу нигаҳдошти бебаҳотарин неъмати табиат дар миқёси олам бесобиқа унвон кард. Маҳз бепарво набудан ба хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ Пешвои миллатро водор сохт, то бо пешниҳодҳои башардӯстонаи худ, амсоли эълон шудани соли 2003 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об  ва ниҳоят қатъномаи мазкур ҷаҳониёнро дар атрофи ин мавзӯи муҳим сарҷамъ намояд.

Зафар Қаюмзода, прокурори калони Прокуратураи вилояти Суғд таъкид кард, ки мақсад аз эълони ин рӯз баланд бардоштани маърифати мардум оид ба муҳимияти манбаъҳои об, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин равона сохтани таваҷҷуҳи ҳукуматдорон, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва омма барои андешидани тадбирҳои фаъолона ҷиҳати ҳифз ва барқарор намудани захираҳои об мебошад.

Дар конфронс олимон Анвар Ҳоҷиев, Толмас Сайфуллоев ва Абдуллоҷон Насруллоев дар мавзӯъҳои «Об сарчашмаи рушди устувори энергетикии Тоҷикистон», «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ- вазифаи муҳим» ва «Ташаббусҳои умумибашарии Тоҷикистон оид ба об» маърӯза карда, зикр намуданд, ки қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: