«Истиқлол»- чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон гардид

 Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе як давр пеш аз анҷоми бозиҳои Лигаи олии Чемпионати мамлакат дар вохӯрии мавқуфгузоштааш бо дастаи «Барқчӣ» қувва озмуда, бо натиҷаи 5:1 ғолиб омад ва бори панҷум унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Дар ин вохӯрӣ бозингари ҷавони дастаи «Истиқлол»  Ҷаҳонгир Алиев, узви дастаи мнутахаби Тоҷикистон ду маротиба дарвозабони дастаи «Барқчӣ» Беҳрӯз Хайриевро маҷбур кард, ки тӯбро аз дарвозаи дастааш гирад.  Голҳои задаи Манучеҳр Ҷалилов (23), Фатҳулло Фатҳуллоев (92) ва Дилшод Восиев (94)  ва як голи Нуриддин Ҳамроқулов(80) аз дастаи «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи марказӣ тамошобинонро  ба ваҷд оварданд.

Ба ҳамин тартиб, «Истиқлол»-и Душанбе се мавсим пай дар пай унвони чемпиониро ба даст овард. Аз ин пештар ин даста дар солҳои 2010, 2011, 2014 ва 2015 ба ин дастовард муваффақ гашта буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: