Истиқболи Пешвои миллат дар ноҳияи Спитамен

Субҳи имрӯз дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Роҳбарияти ноҳия ва аҳли заҳмати он Сарвари давлат-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса, изҳори ҷонибдорию пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари мамлакат ва умеду эътимоди боварибахш ба фардои дурахшони Ватан истиқбол гирифтанд.