Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа

Пас аз ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, корхонаи азими сементбарорӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Қурғонтеппа – маркази вилояти Хатлон ташриф овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Сокинони сарбаланду меҳнатқарини шаҳри Қурғонтеппа истиқболи Пешвои муаззаму ғамхори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намунаи волои меҳмоннавозии тоҷикона номиданд.