Истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ ошкор гардид

Дар натиҷаи аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе гузаронидани санҷиш ду далели истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ ошкор карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Шаҳрванд Шодӣ Бобоёров дар манзили иҷорааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ неруи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, бо ин кирдораш ба буҷаи давлат ба маблағи 3876 сомонӣ зарар расонидааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар манзили истиқоматии  номбурда қоидаҳои бехатарии насби ноқилҳои барқӣ низ риоя намегарданд, ки ин метавонад ба сар задани ҳодисаҳои нохуш  сабаб гардад.

Инчунин дар ҷараёни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Файзулло Урозов, сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисобкунак ноқили барқро ба коргоҳи самбӯсапазии ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ насб намудааст. Ҳамзамон номбурда қоидаҳои бехатариро сарфи назар намуда, инчунин барои пухтани самбӯса аз спиралҳои тафсон истифода карда, бо ин васила ба талафоти барзиёди неруи барқ роҳ додааст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар муддати зиёда аз 3 моҳ 11 ҳазору 880 киловатт-соат қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба буҷаи давлат зиёда аз 7730 сомонӣ зарар расонидааст.

Воқеан дар фасли сармо, ки норасоии неруи барқ мушоҳида мешавад, чунин афрод манфиатҳои худро аз манфиатҳои давлат ва ҷомеа боло гузошта, сабабгори талафоти барзиёди неруи барқ мешаванд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон, ки дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ задаанд, санадҳои зарурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба онҳо тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: