Истаравшан: Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ китобхонаи нав ба истифода дода шуд

Бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Обҷувози ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони ноҳияи Истаравшан  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои нави Китобхонаи маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Бинои куҳнаи китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Баъди ба истифода додани бинои нав дар шаш моҳи соли равон шумораи хонандагон  ба 648 нафар расид, ки ин шумора дар ҳамин давраи соли гузашта 518 нафарро ташкил медод.
Ҳоло,  дар китобхона 3110 нусха китоб маҳфуз буда, аз он 1156 нусхааш бо забони тоҷикӣ мебошад. Моҳи апрели соли равон  тавассути «Корвони китоб» ба китобхона адабиёти нав.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: