«IRS»: ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири Душанбе-Чаноқ зери назорат қарор дорад

Дар масири ДушанбеЧаноқ новобаста аз бориши барф ҳаракати воситаҳои нақлиёт зери назорати пайваста  қарор дорад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар  дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳаракати нақлиёт дар баъзе қитъаҳо, масалан аз километри 48 то 73-юм ва аз 152 то 160-ум роҳ, ки аз фаромадани тарма бештар осеб мебинанд, душвортар аст.

Ҳамчунин Далери Абдулло хабар дод, ки тибқи фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва  нақлиёт дар ҳамдастӣ бо филиали Ширкат дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати мошинҳои вазнини боркаш аз ду то чор соат, яъне то бартараф намудани тармаҳо қатъ карда мешавад.

Роҳбарияти ширкат барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фаслҳои тирамоҳу зимистон 10 ҳазор метри мукааб маводи зиддилағжиш, 260 ҳазор литр сӯзишвори дизелӣ, 85 тонна ангишт ва ба миқдори зарурӣ либосҳои зимистонаи махсус барои кормандон захира намудаанд. Ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат, яъне нигоҳдории шоҳроҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Роҳбарияти ширкати мазкур аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки бе омодагӣ ба роҳ набароянд, зеро ҳам худашон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳам ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал  мерасонанд.

«Бо дарки масъулият гуфта мешавад, ки ширкат барои нигоҳдории роҳ дар сатҳи ҷавобгӯй ба талабот маблағи зиёд масраф мекунад. Ҳоло ширкат дорои беш аз 181 техникаву механизм буда, барои тавсеаи фаъолият ва сари вақт бартараф намудани тармаҳо таҷҳизоти нав, ба монанди булдозеру трейлерҳои махсус харидааст. Масъулини ширкат боварӣ доранд, ки ронандагону мусофирон вазъиятро дуруст дарк менамоянд»,-гуфт Далери Абдулло.

АМИТ «Ховар»