Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ гардидааст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи абрнок   ва дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш  дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Инчунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 6-11  дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  15-20  ва  рӯзона 3-8   дараҷа хунук   мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд.   Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрноки   бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона -4+1  ва рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"