Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва боронӣ дар назар аст

Имрӯз дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе  минтақаҳо борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. 

Имрӯз, 24 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22, дар шарқи вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон пешбинӣ мешавад. Дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 21-26 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 3-5  ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"