Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва пастшавии ҳарорат дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

Имрӯз, 2 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, танҳо охири рӯз боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 2-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, танҳо охирҳои рӯз боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

АМИТ "Ховар"