Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, туман мефарояд

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз сокинони мамлакатро ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 31 январ дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 3-8 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво софу беғубор шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона 8-10 ва рӯзона 1-3 дараҷа сард хоҳад шуд.

АМИТ "Ховар"