Имрӯз дар доираи Фестивали «Дидор» муаррифии кинои мустанади муаллифии ҷаҳон баргузор мешавад

Имрӯз дар чаҳорчӯби баргузории Фестивали байналмилалии «Дидор» дар толори  бузурги Хонаи кино -кинотеатри «Зебунисо» муаррифии кинои мустанади муаллифии ҷаҳон баргузор мешавад.

Дар он  филми коргардонҳо Фазила Амирӣ бо номи “Ҳунарпешаи беном” ва  Саҳро Мусавӣ-Монӣ бо номи “Ҳазор духтаре мисли ман” аз Афғонистон, филми  коргардон ва тарроҳ  Марҷон Риаҳӣ  аз Эрон бо номи “Бе бозгашт”, филми  “Паша”-и  коргардон Эмин Эфендиев аз Озарбойҷон, “Умар -ако”-и коргардон Далери Эмомалӣ, филми коргардон Шоҳҷамшед Умарӣ бо номи “Ҳаворӣ”, филми коргардон ва филмбардор Таҳмина Ҳакимова бо номи “Пудина”, филми “Ҷои беҳтарин дар замин”-и коргардон Рома Буряк, филми коргардон Искандар Усмонов бо номи “Бовар дорам, зиндагӣ мекунам, дӯст медорам” аз Тоҷикистон ва “Уз Рок”-и коргардон Арслан Велиев аз Ӯзбекистон ба тамошо гузошта мешаванд.

Тавре пештар иттилоъ дода будем, дар Фестивали байналмилалии «Дидор» наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад Г. Дзалаев (Тоҷикистон), доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, киношинос Г. Абикеева (Қазоқистон) ва мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE оид ба дистрибутсия Алиризо Шоҳрухӣ (Эрон) ҳакамони фестивали мазкур интихоб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки  Фестивал то 20 октябр дар шаҳри Душанбе  идома ёфта, дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ манзури тамошобинон мегарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: