Имомуддин Сатторовро Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба ҳузур пазируфт

11 август Имомуддин Сатторов ба муносибати анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров мулоқот кард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили муҳими рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

С. Лавров саҳми муассири И. Сатторовро дар рушди ҳамкории созандаи ду кишвар махсусан таъкид кард.

И. Сатторов дар навбати худ ба С. Лавров барои дастгирии ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ки ба таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ҳамёрии стратегӣ, инчунин татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд бадастомада мусоидат кардааст, изҳори миннатдорӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷии Русия ба И. Сатторов дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо орзу кард.

АМИТ «Ховар

Tags: