ИМА «Давлати исломӣ” –ро бо бузургтарин бомбаи дунё нишон гирифт

Низомиҳои Амрико дар вилояти Нангарҳори Афғонистон бузургтарин бомбаи ғайриҳастаии ҷаҳонро партоб карданд. Амрико хабар медиҳад, ки бомбаи GBU-43 соати 7:32 дақиқаи вақти маҳалии 13 апрел ба нақби ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар мавзеи Ачин, дар наздикии марз бо Покистон партоб шудааст.
Адам Стамп, сухангӯи вазорати дифои Амрико мегӯяд, ин нахустин истифодаи низомии бомбаи GBU-43 аст. Ба гуфтаи вай, иқтидори таркиши ин навъи бомб ба ҳисоби тротил 11 тонн буда, доираи таркишаш 140 метрро дар бар мегирад.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, амалиёти мазкур ҳамоҳанг шуда буд.
GBU-43 – бомбаи ғайриҳастаии авиатсионӣ аст, ки муҳаққиқони нерӯҳои ҳавоии ИМА ибтидои соли 2000-ум ихтироъ карда буданд. Ин навъи бомбаро ҳамзамон "Модари тамоми бомбҳо" меноманд.
Ҳафтаи пеш ИМА пойгоҳи низомии Шайрати Сурияро бомбборон кард. Шаби 7 апрел Амрико бо фармони президент Доналд Трамп 59 мушаки "Томагавк" партоб кард.

Tags: