Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Баъди мавриди истифода қарор додани мактаб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим ва ҳунаромӯзӣ дар ин муассисаи наву замонавӣ шинос шуданд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 аз 4 ошёна иборат буда, дар он 28 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, география, технология барои писарону духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият, толори варзишӣ бо 190 ҷойи нишаст, ошхонаи мактабӣ бо 120 ҷой, толори маҷлисгоҳ барои 360 ҷойи нишаст ва биноҳои ёрирасон, аз қабили дегхона барои гармидиҳии биноҳо сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2015 оғоз гардида, моҳи августи соли 2017 ба анҷом расонида шудаанд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва маблағгузории Ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд гардидааст. Корҳои сохтмониро ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Союз Сохтмон” бо сифати ба талаботи меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯй ба анҷом расонидааст.
Мактаби кӯҳнаи дар шафати мактаби нав ҷойгирбуда ба талаботи рӯз ҷавобгӯй набуд ва бинобар афзоиши шумораи хонандагон дар ин ҷо дар маҷмӯъ беш аз 4000 нафар таҳсил мекарданд.
Бо дарназардошти шароити вазнини таълим ва нарасидани ҷойҳои нишаст бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ мактаби наву замонавӣ қомат афрохт. Акнун мушкилии фарзандони сокинони ноҳия ҳал шуда, хонандагон имкон доранд дар синфхонаҳои замонавии барҳаво таҳсилро идома диҳанд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи муосир дар саҳни ҳавлии ҳамин мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро ба сокинони ноҳия муборакбод гуфта, онро туҳфаи арзандаи Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хонандагони ин даргоҳи илму маърифат маънидод карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат фаъолияти меҳнаткашони ноҳияро давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ карда, оид ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мусоидат ба рушду пешрафти ҳамаи бахшҳои ноҳия андешаронӣ карданд.
Сарвари давлат ҳамчунин дар оғоз кулли кормандони соҳаи маорифи кишвар ва устодону омӯзгорони ноҳияи Рӯдакиро ба ифтихори Рӯзи омӯзгор- ҷашни касбии аҳли маориф, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр таҷлил мегардад ва Рӯзи забони давлатӣ, ки 5 октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ орзу карданд.
Таъкид гардид, ки айни ҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ 160 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 116 ҳазор нафар хонанда, аз ҷумла 56 ҳазор нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли таҳсили гузашта қариб 7 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Бо мақсади бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлат, Фонди захиравии Президент ва сарчашмаҳои дигар дар назди 86 муассисаи таълимии ноҳия 445 синфхона ва биноҳои нави иловагӣ ба истифода дода шуданд.
Танҳо дар давоми солҳои 2007-2017 аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва аз тарафи соҳибкорони ватанӣ 54 бинои таълимӣ ва 127 синфхонаи иловагӣ барои 25 ҳазор нафар хонанда бунёд гардидааст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия сохтмони 7 бинои таълимӣ ва 108 синфхона барои қариб 6 ҳазор ҷойи нишаст бомаром идома дорад. Ҳамчунин тибқи нақша вақтҳои наздик аз ҳисоби буҷети ноҳия бунёди боз 3 бинои нави таълимӣ барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот аз номи сокинони ноҳия кормандони касбу кори гуногун, фаъолон ва соҳибкорони ватандӯст баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва ваҳдату оромии сартосарӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.