Хуршед Мирзоев барои далерию шуҷоат дар пешгирии паҳншавии оташ бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шуд

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябр нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе сержанти хурди милитсия Хуршед  Мирзоев бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД ҶТ.

Хуршед Мирзоев барои далерию шуҷоат дар пешгирии паҳншавии оташ,  ки соати 1 шаби 30 ноябри соли 2020 дар маҳаллаи 91 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нуқтаи таомҳои зуд-таёр рух дод, бо медали «Ҷасорат» қадрдонӣ шуд.

«Ҳодисаи сӯхторе, ки соати 1 шаби 30 ноябри соли 2020 дар маҳаллаи 91 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нуқтаи таомҳои зуд-таёр рух дод, паҳншавии оташ ба мағозаҳои ҳамшафат, бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва бо оқибатҳои миллионҳо сомонӣ зарари молӣ аз эҳтимол дур набуд. Дар ин асно ду тан нозирони бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар суроғаи болозикршуда хизмат мебурданд, ки  алангаи оташ аз назари онҳо пинҳон намонд. Новобаста аз он, ки барои пешгирӣ ва хомӯш кардани алангаи оташ таҷҳизот, дастгоҳ ва моеъи махсус лозим бошад ҳам, вале бо дидани чунин ҳодисаи хатарнок нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед Ҷамолиддинович бо чолокӣ, далерию ҳисси баланди масъулият ва садоқати худ ба давлату миллат аз авҷи оташ ва таъсири он наҳаросида, оташро аз панҳшавӣ пешгирию хомӯш кард. Гарчанде қисми рости пешонӣ, панҷаи дастони рости ӯ аз оташ осеби сахт дид, вале сержанти хурди милитсия Хуршед Мирзоев савганди ёднамудаи касбии худро ба ёд оварда, садоқату устувории худро дар пешаи интихобкардааш собит намуд», — тазаккур доданд дар ВКД.

АМИТ «Ховар»

Tags: