Худобердӣ Холиқназар: «Тоҷикистону Ӯзбекистонро муносиботи нек дар пеш аст»

Муносиботи ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш таҳким меёбанд. Ин нуктаро 9 январ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни нишасти матбуотӣ бори дигар таъкид кард. Мавсуф афзуд, ки дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи нави тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд оғоз гардидааст. Баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки чанде қабл дар Душанбе доир гардид, шаҳодати ин гуфтаҳост. Ду кишвари ҳамсоя дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодӣ Созишномаро дар бахши нақлиёт ба имзо расониданд, ки тибқи он дар соли 2017 байни ду кишвар парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд ва ҳаракати қатораҳо ба роҳ монда мешаванд. Дар ин самт вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Инчунин масъалаи раводид ва осон намудани рафту омади сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар дар маркази таваҷҷуҳ ва мавриди баррасии вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад.
Ҳамзамон бо дахли муносиботи Тоҷикистону Эрон Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки умед аст ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Эрон, ки умумиятҳо ва муштаракоти забонию фарҳангӣ доранд, дар оянда таҳким ёбад.
Ин дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9 январ ба Президенти  Ҷумҳурии  Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар робита ба даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии  Исломии Эрон Ҳошимии Рафсанҷонӣ номаи тасаллият ирсол намуд.

 

Tags: