Хонандагони Суғд дар Озмуни ҷумҳуриявии фосилавии «Тозагӣ — гарави саломатӣ» мақоми аввалро ишғол намуданд

Хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар Озмуни ҷумҳуриявии фосилавии «Тозагӣ-гарави саломатӣ» бо гирифтани 11 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввалро ишғол намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Озмуни ҷумҳуриявии фосилавии «Тозагӣ-гарави саломатӣ» бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июн то 15 июли соли равон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ эълон гардида, аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии муасисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон- Баҳористон» ҷамъбаст гардид.

Озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ тариқи фосилавӣ ва дар давраи таътили тобистона гузаронида шуда, мақсад аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳангии хонандагон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, таҳкими мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани маърифати хонандагон вобаста ба гигиенаи шахсӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад.

Озмун аз рӯи 4 бахш: «Беҳтарин таманниёт», «Беҳтарин мактуб», «Беҳтарин муроҷиати видеоӣ ё видеоролик» ва «Беҳтарин расм» гузаронида шуд.

Ҳамин тариқ дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон бо ишғоли 9 ҷойи ифтихорӣ мақоми 2-юм ва хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ишғоли 5 ҷойи ифтихорӣ натиҷаи сеюми беҳтаринро ба даст оварданд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1-ададӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: