Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Суғд гаштҳои хонагӣ анҷом доданд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шиносоии  гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, пурзӯр намудани корҳои тарғиботию  ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19  ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа идома дорад.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ  Самариддин Ализода  гурӯҳи корӣ аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд дидан намуд. Ба гурӯҳи мазкур Намояндаи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева низ ҳамроҳ  мебошад.

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Панҷакент, ба шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд сафар карда, бо фаъолияти беморхонаҳои марказӣ ва дигар муассисаҳои тандурустӣ шинос шуд.

Инчунин, бо мақсади таҳлил ва баррасии вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19  бо иштироки гурӯҳи кории вазорат, роҳбарият ва намояндагони  як қатор сохторҳои шаҳру ноҳияҳои болозикр  ҷаласаҳои корӣ доир гардид.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки новобаста аз тадбирҳои андешидаи  Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби шаҳрвандон дар ин масъала бепарвоӣ ва хунукназарӣ ба мушоҳида мерасад. Махсусан, дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, марказҳои хизматрасонӣ бозору мағозаҳо ва дигар ҷойҳои серодам шаҳрвандони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро риоя намекунанд.

Дар ноҳияи Ашт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд гаштҳои хонагӣ анҷом дода, бо шаҳрвандоне, ки дар қайди марказҳои саломатӣ қарор дошта, дар хона табобат мегиранд, суҳбат намуданд.

Мавриди зикр  аст, ки давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд  таъмиру барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиросолон  ба ҳукми анъана даромада, дар ин  самт аллакай корҳои назаррас   ба анҷом расонида шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: