Гулистон: ғолиби озмуни шаҳрии «Омӯзгори сол-2016» муайян шуд

Даври якум ва дуюми озмуни  ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2016» дар шаҳри Гулистон ба анҷом расид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд  хабар доданд, даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардида, дар давраи дуюми озмуни шаҳрӣ омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Ғолиби озмуни даври дуюм омӯзгори гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раҳима Қодирова гардид.

Ҷойи дуюм насиби омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ № 8 Нилуфар Боева ва ҷойи сеюм насиби омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ № 7 гардид.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъолу беҳтарин барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар даври навбатии озмун шаҳри Гулистонро омӯзгори фанни математика Раҳима Қодирова муаррифӣ хоҳад кард.

Tags: