Бозии марказии даври 13 Лигаи олии футболи Тоҷикистон — ин рақобати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар ба шумор мерафт. Бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:0 ба фоидаи чемпиони феълии мамлакат -«Истиқлол»-и Душанбе хотима ёфт. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дар рақобатҳои дигари даври мазкур дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода ва КМВА «Помир»-и Душанбе рақибонашонро мағлуб намуданд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум
«Истиқлол» — «Хатлон» — 5:0
Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 14 (1:0). Шериддин Бобоев, 64 (2:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 67 (3:0). Шериддин Бобоев, 82 (4:0). Алишер Ҷалилов, 84 (5:0)
«Кӯктош» — «Регар-ТадАЗ» — 3:4
Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 21 (0:1). Шерзод Маҳамадиев, 38 (0:2). Амирҷон Сафаров, 45+2 (1:2). Нозим Бобоҷонов, 48 (1:3). Муҳсин Абдуғаффоров, 73 –пеналти (2:3). Шерзод Маҳамадиев, 75 (2:4). Отабек Каримов, 83 (3:4).
КМВА «Помир» — «Панҷшер» — 2:0
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 10 –пеналти (1:0). Шодибек Ғаффоров, 75 (2:0).
Ёдовар мешавем, ки бозии марказии даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ-ин рақобат миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор мерафт. Гарчанде рақобати ин ду даста пуршиддат сурат гирифт, аммо мухлисон шоҳиди гол нашуданд.
Ҳамин тавр бозии марказии даври мазкур бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари даври 12-ум дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар хонааш дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 2:0
Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 27 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 90+3 (2:0).
«Истиқлол» – «Кӯктош» – 0:0
КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Давронҷон Эргашев, 28 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 70 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 88 (2:1).
«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:2
Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 26 (0:1). Наимҷон Иброҳимзода, 45+2 (0:2). Илҳомҷон Баротов, 69 (1:2).
АМИТ «Ховар»