ФУТБОЛ: дастаи «Регар-ТадАЗ» соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон гардид

Бозиҳои Чемпионати 28-уми  Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 4 ноябр дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб    баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар даври ниҳоӣ дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо дастаи «Хатлон» мусовӣ (0:0) бозӣ карда, медалҳои биринҷии чемпионати имсоларо ба даст овард.

Ёдовар мешавем, медалҳои тилло насиби дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, медалҳои нуқра насиби дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд гардиданд. Дар асоси низомномаи чемпионат дастаи  футболи  «Панҷшер», ки ҷои охирро ишғол кард, Лигаи олиро тарк мекунад. Дастаи ҷои ҳафтуми чемпионат – «Хатлон» барои мондан дар Лигаи олӣ бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввал бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.

Мисли соли гузашта ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Шериддин Бобоев беҳтарин нишонзан шуд. Имсол ӯ ба дарвозаи ҳарифон 16 тӯб ворид кард. Дар даври ниҳоӣ дастаҳои  футболи КМВА «Помир» ба  «Истиқлол»  бо ҳисоби 3:2, «Истаравшан»  ба дастаи футболи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:0 ва  дастаи  «Куктош» ба дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 5:3 ғалаба карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: