ФУТБОЛ. Ҷуфтҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 муайян шуданд

Бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футбол баргузор шуда, дар натиҷа ҷуфтҳои даври чорякниҳоӣ муайян гардиданд.

 Дар даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 дастаҳои «Истиқлол» – «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» – «Эсхата», «Моҳир» – «Хатлон» ва «Ҳосилот» – «Равшан» бозӣ мекунанд.

Бозиҳои даври чорякниҳоӣ 26 ва 27 август баргузор мешаванд.

Tags: