ФУТБОЛ. Аҳтам Назаров ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баргашт

Бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Аҳтам Назаров, ки дар Чемпионати Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, бозингари шинохтаи тоҷик Аҳтам Назаров, ки дар дастаи футболи «Башундара Кингз»-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, баъд аз танаффуси начандон зиёд ба ҳайати дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргаштааст. Қарордод байни даста ва футболбоз то охири соли 2021 баста шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Аҳтам Назаров  аз соли 2013 то 2019 шарафи  дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанберо ҳимоя мекард. Номбурда  дар дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таҳти шумораи 20 бозӣ мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: