Имрӯз дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон» Форуми байналмилалӣ ба кор оғоз намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, иштирокдорони Форум, ки аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, раисон ва котибони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, роҳбарони муассисаҳои олии касбӣ, сохторҳои шаҳрӣ, ҳамчунин воситаҳои ахбори омма иборат мебошанд, пеш аз саршавии Форум бо мақсади арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, расми хотиравӣ гирифтанд.
Баъда аз гузоштани гулчанбар иштирокдорони Форум ба Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза» омаданд. Дар ин макон тайи ду рӯз форум идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки Форуми мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 11 ноябри соли 2019 бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имконоти мусоид ҷиҳати инкишоф, мубодилаи таҷриба ва дарёфти усулҳои муосири кор бо кӯдакон ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас роҳандозӣ мегардад.
Аз ҷараёни баргузории Форуми мазкур муфассал хабар медиҳем.
АМИТ «Ховар»