ФФТ тасмим дорад, ки шабакаи телевизионии «Футбол»-ро роҳандозӣ кунад

Бахшида ба Соли ҷавонон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, ФФТ ба қароре омад, ки бо номи «Футбол» шабакаи нави варзишӣ таъсис диҳад. Тавре сомонаи рамии ФФТ иттилоъ медиҳад, ин шабака танҳо пахши бозиҳои футболро дар бар гирифта, бо шакли HD барнома пахш мекунад.
Телевизиони «Футбол» -и ФФТ на танҳо бозиҳои дастаи мунтахаби мамлакат ва Лигаи миллии футбол (Лигаи олӣ ва якум), балки чемпионатҳои кишварҳои Осиё, мусобиқоти Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), Лигаи чемпионҳои Аврупо ва Лигаи Аврупо, бозиҳои Премйер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, Серияи «А»-и Италия ва бозиҳои ҷолиби чемпионати кишварҳои дигарро низ пахш мекунад.
Дар телевизиони «Футбол» ҳамчунин дар бораи ситораҳои футбол, клубҳои машҳур ва дастаҳои мунтахаб наворҳо пешкаши тамошобинон мегарданд.
Алҳол корҳои омодагӣ ба ифтитоҳи ин шабака идома доранд.
 

Tags: