Фестивали «Пур-Нур» таомҳои миллии тоҷиконро муаррифӣ намуд

21-22 сентябр  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Пур-Нур»  Фестивали хӯрокҳои миллӣ ва мусиқии «Пур-Нур» баргузор гардид.

Ҳадафи Фестивал рушди соҳаи сайёҳӣ, хӯрокҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи мардум нисбат ба муаррифии хӯрокҳои миллии  тоҷикон  мебошад.

Фестивал таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, дар он таомҳои миллии  аз гӯшт ва моҳӣ омодашуда, намудҳои гуногуни хӯришҳо, нӯшокиҳо ва шириниҳо, ки хоси мардуми тоҷиканд, манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар Фестивал ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо маводу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин барои кӯдакон барномаҳои махсуси дилхушӣ ва озмунҳо ташкил карда шуданд.

Дар анҷом аз ҷониби  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусӣ  ба вазорату идораҳое, ки дар баргузории фестивал саҳм гузоштанд, сипосномаҳо супорида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: