Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» шурӯъ мешавад

2 апели соли равон, соати 10:00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз меёбад.
Тавре аз маъмурияти Китобхонаи бачагона хабар доданд, Фестивали имсола ба мавзӯи «Чароғи сулҳ аз нав шуд фурӯзон» бахшида шуда, зимни кушодашавии он дар саҳни Китобхона намоиши китоби «Фурӯғи субҳи доноӣ», хулосаи библиографӣ доир ба намоиш, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати наврасон бо адибон, қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори адибон, фотомонтаж-«Лаҳзаҳо аз фестивал», порчаҳо аз намоишномаи Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак ва порчаҳо аз намоишномаи Сирки давлатии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: