Федератсияи футболи Душанбе беҳтаринҳоро қадрдонӣ намуд

Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дар асоси натиҷаҳои мавсими гузашта беҳтарин футболбозон ва мураббиёни футболи кӯдакон ва наврасон, ҳамчунин беҳтаринҳои Лигаи дуюми (минтақаи Душанбе) мамлакатро қадрдонӣ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «ТВ Варзиш» хабар медиҳад.

Маросими пуршукӯҳи ҷоизасупорӣ 19 январ дар спорт-бари «Истиқлол» доир гардид.

Ба маросим ёвари президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи ҷумҳурӣ  Сайвалӣ Шоқурбонов, роҳбари кумитаи ветеранҳои футболи ФФТ Баҳрулло Давлатов ва дигар меҳмонон даъват шуданд.

Раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев зикр кард, ки «баъди натиҷагирии соли 2019 маълум гардид, ки мо мавсими бобарорро паси сар кардем. Намояндагони пойтахт дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои хубро ишғол карданд. Аммо ба ҳар ҳол бояд гӯям, ки на ҳама интизориҳои мо амалӣ гаштанд. Дар Душанбе барои шумо беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст, шумо ояндаи футболи тоҷик ҳастед, барои шумо майдонҳои зебои варзишӣ сохта шудаанд, бо шумо беҳтарин мураббиён кор мекунанд ва мо умеду боварӣ дорем, ки соли 2020 шумо нисбат ба солҳои гузашта ба муваффақиятҳои бештар даст ёфта, ба хазинаи дастаҳои худ ҷоизаҳои нав ворид мекунед».

Пас аз ин қисмати асосии маросим доир гашт, ки дар он ба ғолибон туҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.

Беҳтаринҳои мавсими 2019 дар Душанбе:

U-13

Беҳтарин дарвозабон – Муҳаммадсамеъ Маликов («Шоҳмансур»)

Беҳтарин ҳимоятгар – Абдуқаюм Фузайлов (МҶМОВ-10)

Беҳтарин нимҳимоятгар – Улуғбек Сатторов («Солор»)

Беҳтарин ҳамлагар – Муҳаммадрофеъ Саидов (ММВЗО)

Бозингари ояндадор – Сафиаллоҳ Юсупов (МҶМОВ)

Бозингари беҳтарин – Фаррух Маҷидов (МҶМОВ)

Мураббии беҳтарин – Сафаралӣ Раҳмонов – (МҶМОВ)

U-14

Беҳтарин дарвозабон – Иброҳим Бобоев («Городок»)

Беҳтарин ҳимоятгар – Манучеҳр Сангинов (МҶМОВ -2)

Беҳтарин нимҳимоятгар – Кароматулло Зокиров (ММВЗО)

Беҳтарин ҳамлагар – Раббонӣ Мирзозода (МҶМОВ)

Бозингари беҳтарин – Мансур Мирзоев (ММВЗО)

Мураббии беҳтарин – Неъмат Султонов (ММВЗО)

U-15

Беҳтарин дарвозабон – Зафар Шарипов (ММВЗО)

Беҳтарин ҳимоятгар – Худойдод Шарифзода (МҶМОВ -2)

Беҳтарин нимҳимоятгар – Комрон Мирзоев (МҶМОВ -2)

Беҳтарин ҳамлагар – Абдурауф Зубайдов (МҶМОВ)

Бозингари беҳтарин – Умед Муродов (ММВЗО)

Мураббии беҳтарин – Алиҷон Турдиназаров (ММВЗО)

U-17

Беҳтарин дарвозабон – Аҳлиддин Исматов (КМВА «Помир»)

Беҳтарин ҳимоятгар – Фирдавс Олимзода («Орзу-2026»)

Беҳтарин нимҳимоятгар – Муҳаммад Маҳмудов (МҶМОВ)

Беҳтарин ҳамлагар – Муҳаммадворис Сайдалиев (ММВЗО «Соро компания»)

Бозингари беҳтарин – Партулло Хуршедзода («Орзу-2026»)

Мураббии беҳтарин – Рустам Қурбонов («Орзу-2026»)

Лигаи дуюм (минтақаи Душанбе)

Беҳтарин нишонзан – Абдузоҳид Каримов (МҶМОВ)

Бозингари беҳтарин – Сорбон Ғоибов («Орзу»)

Мураббии беҳтарин – Шамсиддин Ҷӯраев («Орзу»)

Довари беҳтарин – Абдулло Давлатов

АМИТ «Ховар»

Tags: