Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург
таъин намудани Раҳматуллозода Э.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Раҳматуллозода Эркинхон ҳамзамон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
17 январи соли 2017
№814