Эмомалӣ Раҳмон: «Забони мо бо истиқлоли кишвари мо пайванди ногусастанӣ дорад» (Пораҳо аз китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»)

Имрӯз дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он мардуми тоҷикзабон Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз месазад аз асари мукаммал ва пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ёдовар шуд. Зеро ин китоб, ки дар асоси сарчашмаҳои фаровони илмӣ ва ахбору асноди воқеӣ таҳия шудааст, ҷанбаи маърифатӣ дошта, бо мақсади огоҳии бештари ҳамватананамон аз таърихи забони модарии хеш бо сабки илмию оммавии қобили фаҳми табақоти мухталифи ҷомеа навишта шудааст.

«Бо фаро расидани Истиқлолият ва забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамьиятии ин солҳо номид.

Далели ин гуфтаҳо он аст, ки дар тамоми ин давраи нави таърихӣ, ҳатто дар сахттарин солҳои ҷанги дохилӣ яке аз манфиатҳое, ки тамоми гурўҳу табақоти ҷомеаро, сарфи назар аз тамоюлоту самтгириҳои иҷтимоию сиёсӣ, ба ҳам мепайваст масъалаи забон буд. Ин ягона мавриде буд, ки ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф нисбат ба он ҳамфикру ҳамақида буда, манфиати миллиро аз ормонҳои гурўҳӣ ва ҳадафҳои зудгузари ҳизбиву идеологии худ болотар мегузоштанд. Ин мисоли умедбахш, ба назари мо, яке аз омилҳое гардид, ки сипас дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим дошт. Вале ҳамчунон ки мо дар соҳаҳои дигари ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтори мушкилот будем, дар арсаи забон низ душворӣ ва вазифаҳои мо камтар аз он набудандл. Аз ҷумла. забони мо гузашта аз мушкилоти ба истилоҳ «дохилӣ» мустақиман ба ду забони муқтадири ҷаҳон — русӣ ва англисӣ рў ба рў шуда, чунон ки мебинем, дар ин «пайкор» асосан дар ҳолати дифоъ, қарор дорад. Агар дар чунин вазъ забон дасттирӣ ва пуштибовии оқилона пайдо накунад, маҳол аст, ки аз ин варта солим бадар омада, асолати таърихии хешро ҳамчун забони мустақилу корагар ҳифз кунад. Албатта, ин чунин маъно надорад, ки мо бояд дарвозаҳоро ба рўйи забонҳои дигар бандем. Ин кор ғайритабиӣ ва ҳам имконнопазир аст, зеро забонҳо аз ибтидои пайдоиши худ ҳамеша бо ҳам робита доштанд ва то ҷаҳон ҳасту забон ҳаст, ин раванд ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Аз ин ҳақиқати бебаҳс аён аст, ки фарзия ва ё назария сохтан дар бораи нажоди пок ва ё забони пок то чӣ андоза бепоя аст. Бинобар ин, соҳибназарони риштаҳои гуногуни забон ҳангоми таҳқиқ ва танзими иртиботи забони тоҷикӣ бо забонҳои дигар бояд ин ҳақикати таърихӣ ва меъёру усули илми забоншиносии муосирро ба назар гирифта заруратҳоро аз саҳлангориҳо ҷудо намоянд.

Барои ҳалли мушкилоти пешомада дар ин ҷода, ба назари мо, қабл аз ҳама бояд ба таърихи забони худ рўё оварда, аз таҷрибаҳои он дар чунин мавридҳо истифода барем, зеро шакку шубҳае нест, ки забони мо дар тўли таърих чунин ҳодисаҳоро бисёр дидаву аз сар гузаронидааст. Ҳатто дар таърихи нави хеш, яъне дар қарни XX, низ чунин ҳодисаҳоро паси сар кардааст. Масалан, солҳои 20-30-юми қарни гузашта, вақте ки масъалаи забони адабии тоҷики ва роҳҳои содаву оммафаҳм кардани он дар шароити таърихии нав ба миён омад, оид ба ин масъала пас аз машварату музокираҳои тезу тунд ва ҷаласаҳои тулонӣ ўарору дастурҳои дахддор қабул гардид. Сарфи назар аз норасоиҳо ва оммагароиҳои хоси даврон ин қарору тасмимог то поёни умри низоми шўравӣ риоят мешуд ва кори мактабу матбуот ва илму донишро танзим мекард. Мардум медонист, чӣ тавр бояд нависад ва доварон ҳам медонистанд, чӣ гуна бояд доварӣ кунанд. Илова бар ин, зиндагиномаи забони мо саршор аз мисолҳои дурахшон дар бораи муҳаббат ба ватан, эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ ва қаҳрамониву ҷонбозиҳо дар роҳи дифоь аз истиқлоли сарзамину давлати хеш аст, ки имрўз барои дарки мавқеи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва кору хидмати содиқона ба ватан барои мо дарси ибратанд.

Забон дар маҷмўь як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаҳо ва масъалаҳои муҳими ҳаёти гузаштагони хеш иттилое ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, аз рўйи захираи вожагон ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заъфу сустии ягон соҳаи ҳаёт иҷтимоию иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омўзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад. Дар он ақидаву мавқеи шахсӣ нақши муассире надорад. Вай таърихи холис, ростин ва маҳсули дастҷамъии миллат ва аломати хоси он буда, воқеияти ҳаёти ҷомеаро ҳамчунон ки ҳаст, бидуни ороишу ислоҳ инъикос мекунад. Албатта, ашхоси ҷудогона дар такмил ва афзоиши захираи луғавии он саҳми бештар мегиранд, вале ин ягона мавридест, ки «муаллифон, бидуни ҳаққи қалам» офаридаҳои худро ба забони модарии хеш мебахшанд. Забон ҳам ки довари моҳир ва сахтгир аст, танҳо коромадтарин ва баргузидатарини онҳоро дар хазинаи худ ҷой дода, сипас дар истифодаи умум қарор медиҳад.

Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст.

Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кўшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустақкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кўшишҳое ба харҷ доданд, то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд. Ҳахоманишиён, ки дар таърихи башар фарҳангу тамаддуни онҳо камназир аст, забони модарии худро дар баробари забонҳои қудратманду бонуфузи он замон – эломӣ ва ошурӣ ба ҳайси забони давлатии худ истифода мебурданд. Онҳо номи хат ва забони худро ориёӣ хондаанд. Инчунин, дудмони Кушониён ҳам оҳиста-оҳиста аз истифодаи забони юнонӣ даст кашида, забони ориёии хешро (Канишка ҳам мисли Дориюш забони навиштаҳои худро ориёӣ хондааст) забон ягона ва расмии давлатӣ паҳновари худ қарор додаанд.

Саффориён (873-899) ва Сомониён (899-999) аз забон ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар муқобили араб барои касби истиқлол истифода карда, бори нахуст дар Хуросону Мовароуннаҳр парчами истиқлолро барафрохтанд ва сулолаву салтанатҳои азимеро аз хонадонҳои наҷиби маҳаллӣ бунёд намуданд. Амирони ватанпарасту донишпарвари сомонӣ барои эҳёи мероси фарҳангии пешазисломии худ низ кўшишҳо карда, осори таърихию бадеӣ ва диниву ахлоқии муаллифони худӣ ва бегонаи асри хешро аз забони арабӣ тарҷума карда, ҳатто талош варзиданд, Қурьони маҷидро ба тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) баргардонанд.

Дар натиҷаи чунин сиёсати миллӣ нахустин осор ба забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) пайдо шуда, бузургтарин пешвоёни ин забон ва адабиёт Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо маъруфтарин осори илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд. Ва ё замоне, ки шоири роздон ва баландфикр Ҳаким Фирдавсӣ парешонӣ ва заволи давлатӣ Сомониёнро ҳис кард, ба ҷамъоварӣ ва ҳифзи ҳикоёт, достонҳо ва расму оини гузаштагон пардохт ва бузургтарин достони ҳамосии ҷаҳон «Шоҳнома»-ро офарид.

Пас аз сукути Сомониён ва аз даст додани истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ низ ба тадриҷ истиқлолияти худро аз даст дод. Ҳарчанд ин забон дар дастгоҳи ҳокимони нав мақоми забони адабӣ ва сиёсиро дошт, аммо дар ин дарборҳои бегона оҳиста-оҳиста ба забонҳои қабилаҳои гуногуни ҳоким дар минтақа махлут шуда, дар бисёр маврид таровату зебоӣ ва ҷўшу хурўши зояндагии худро аз даст дод. Ба қавли дурусти баъзе донишмандони муосир, дигар Яъқуби Лайсе набуд, ки гўяд: «Чизе, ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфтан?». Вале гузашти замон нишон дод, ки ҳеҷ амиру ҳоким дар ҳеҷ давру замон натавонист рўҳи истиқлолталабӣ ва ишқу муҳаббати тоҷиконро нисбат ба забони модариашон халалдор кунад. Ҳатто имрўз бемуболиға гуфта метавонем, ки ҷунбиши озодихоҳии охири солҳои 80-уми асри XX низ дар Тоҷикистон маҳз аз талаби озодӣ ва истиқлоли забон оғоз гардида буд.

Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофарии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид.

Тавре ишора кардем, дар замони ғалабаи араб дар сарзамини васеи Эрон ва Хуросону Варорўд (арабҳо баъди тасарруф онро ба забони худ Мовароуннаҳр, яъне кишвари он сўйи рўд (рўди Ому) гуфтанд), мардум ба лаҳҷаҳо ва забонҳои гуногуни маҳаллии эронӣ гуфтугў мекарданд. Тадриҷан зери таъсири омилҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ яке аз шохаҳои қавитару ғанитари онҳо лаҳҷаҳову гўйишҳои ба ҳам наздику хешованди нисбатан заифтарро дар атрофи худ муттаҳид карда, барои ҳамаи он қавмҳо забони расмӣ гардид. Болотар аз ин, ин раванд на танҳо лаҳҷаву забонҳо, балки қавмҳои ҳамнажоду хешовандро дар атрофи як забони умумӣ — забоне, ки барои ҳеҷ кадоми ин қавмҳо бегона набуд, ҷамъ оварда, заминаро барои падид омадани забони адабии тавоно ва ташаккули миллати ягонаву воҳид муҳайё сохт.

Сифати дигари забони мо тавоноӣ ва рақобатпазирии он аст. Вақте ки забони арабӣ ҳампойи футуҳот ва густариши ислом дар як қисмати бузурги ҷаҳон фотеҳона қадам зада, забони бисёр давлатҳои муқтадири дунёи қадим ба монанди забони маҳаллии Испания, лаҳҷаҳои романии Ситсилия, забонҳои баробарии соҳилҳои Африқои Шимолӣ, забони қибтии Миср, забон ва гўйишҳои оромии Сурия, Фаластин, Ироқ ва ғайраро аз феҳристи забонҳои ҷаҳон нобуд мекард, муҳим он аст, ки забонҳои дар ҳоли ташаккул ва ҳатто бехати эронии мардуми Хуросону Мовароуннаҳрро фурў бурда натавонист. Ба иборати дигар, дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем. Вале дар айни замон истифодаи васеи забони арабӣ боиси падид омадани як анъанаи нави забонӣ гардид. То он давра бештари аҳолии Хуросону Мовароуннаҳр ба гўйишҳо ва забонҳои хешованд ва ё ба ҳам наздик гуфтугў карда, ба ҳар ҳол, ҳамдигарро мефахмиданд. Аммо бо омадани забони арабӣ ин оромиши забонӣ барҳам хўрд. Ба ин сарзаминҳо забони бегонае омад, ки нисбат ба забонҳои маҳаллӣ, ки ба сабабҳои бештар сиёсӣ ҳеҷ кадоми онҳо ҳанўз ба сатҳи забони умумӣ нарасида буд, забони қавитар ва аз назари расмиёт забони сиёсат ва дину оини нав буд. Гурўҳе аз рўйи сиёсату тиҷорат, теъдоди зиёди ходимон ва маъмурони дафтару девони хилофат, барои дарёфти маош, ва иддае ҳам барои донишандўзӣ ва ғайра забони арабиро дар баробари забони модарии хеш аз бар мекарданд. Дар натиҷа як ҳолати дузабонӣ дар ҷомеа, махсусан дар шаҳрҳои калон пайдо шуд. Бо вуҷуди ин ҳама барои оммаи васеи мардумони Хуросону Монароуннаҳр ва дигар манотиқи Эрон, ки дини мубини исломро нисбатан ба осонӣ қабул карда буданд, забони арабӣ забони бегона боқӣ монд ва ҳаргиз ба ҳайси забони умумӣ пазируфта нашуд.

Баракс забонҳои хурду бузурги пароканда дар миёни мардумони эронитабори ин минтақа на танҳо ба забони арабӣ муқовимат карданд, балки дере нагузашта ба яке аз шохобҳои қавитари хешованди худ пайваста ва ё дар он ҳаллу ҳазм шуда, зояндарўди пурмарворидеро ба номи забони шевои «тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ)» ташкил намуданд, ки то имрўз бо ҳамон ҷўшу хурўш равон аст.

Сипас дар тўли садсолаҳои минбаъдаи начандон мусоид ва гоҳе ниҳоят фоҷиабор соҳибони ин забон яке аз ғанитарин адабиёт, шевотарин шеърҳо ва тўлонитарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро офаридаанд. Аз ҷиҳати миқдор, рангорангии мавзўъ, вусъати андеша, матолиби ҳакимона ва ғайра низ он дар дунё камназир аст.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки нуфуз ва тавоноии ин забон ба ҳадде буд, ки на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсат ва давлатдорӣ низ ҳеҷ забони дигар бо вай рақобат карда натавонист ва қавму миллатҳои мухталифе, ки асрҳо дар ин сарзамин ҳукмронӣ карданд, онро на танҳо ҳамчун забони илму фарҳанг, балки ба ҳайси забони сиёсат ва давлату дарборҳои худ пазируфтанд.

Гузашта аз ин мардуми шикастхўрда, вале таслимнашудаи мо на танҳо забони худро ҳифз кард, балки сад сол аз ғалабаи араб нагузашта, ҷунбиши зиддихилофат ва истиқлолхоҳии машҳур ба шуубияро (миёнаҳои асри VIII) пайрезӣ карда, муқобили зулму фишори маънавии Араб бар Аҷам бархостанд. Созмондиҳандагону нсшвоёни ин ҷунбиш монанди Ибни Муқаффаъ (722-759), Лоҳиқӣ (ваф. дар ҳудуди 815), Башшор ибни Бурд (714-784). Абунувос (757-814) ва дигарон эронитабор буданд. Масалан, номи аслии Ибни Муқаффаъ Рўзбеҳ писари Додуя буд, ки пас аз қабули ислом номи Абдуллоҳро гирифт ва дар таърих бо тахаллуси Ибни Муқаффаъ маъруф шуд. Башшор ибни Бурд, шоири нобино, аз аҳли Тахористон ва Абунувос аз миёни табақаи фақир бархоста, модараш эронитабор буд.

Шоирони баъдии ин ҳалқа низ дар мавзўъҳои шуубӣ, чун ситоиши Аҷам ва азамату шукўҳи пешазисломии он, ашъори фаровоне ба забони арабӣ суруда, гоҳо зери таъсири эҳсосот ва ғурур дар накуҳиши араб ҳатто иғроқ ҳам мекарданд. Онҳо ашъори арабие сурудаанд, ки рангу бўйи хоси эронӣ дошт ва донишмандон онро ҳатто адабиёти халқҳои эронитабор ба забони арабӣ номиданд. Зоҳиран ин ҷунбиши раҳоибахши миллие буд, ки дар либоси адабию фарҳангӣ оғоз гардида, сипас ба ҷунбиши васеи истиқлолхоҳӣ дар Xуросону Мовароуннаҳри асрҳои минбаъда табдил шуд…

 

                                     (Аз китоби Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат –

                                     Ҳастии миллат». – Душанбе, «Эр-граф», 2016).

Tags: