ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕЁБАД. Дар мавсими тирамоҳу баҳор дар пойтахт қариб дусад ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад

ТВТ.08.08.2022. Дар мавсими  тирамоҳи соли равон ва баҳори соли оянда дар ҳудуди пойтахт 193 ҳазору 499 бех ниҳол, аз ҷумла 54 ҳазору 868 бех дарахти сояафкан, 61 ҳазору 947 бех дарахти ороишӣ, 13 ҳазору 61 бех дарахти буттагӣ ва 63 ҳазору 623 бех дарахти мевадиҳанда шинонида мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Ин тадбир дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе» амалӣ гардонида мешавад.

Бо мақсади таъмини сабзазоркунию хуррамгардонӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар мавсими тирамоҳ ва баҳори соли оянда ба миқдори умумии 13 миллиону 147 ҳазору 315 адад гул шинонида мешавад, ки аз ин 6 миллиону 761 ҳазору 700 адад гулҳои мавсимӣ, 4 миллиону 233 ҳазору 985 адад  гули бисёрсола ва 2 миллиону 151 ҳазору 630 адад гули лола  мебошанд.  Баҳри сарсабз нигоҳ доштани муҳити атроф дар қитъаҳои махсус дар майдони 98 ҳазору 199,2 метри мураббаъ  сабза кишт карда мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки соли гузашта бо пешниҳодоти Раиси шаҳри Душанбе дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 226 ҳазору 354 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуданд, ки дар ҳолати сабзиш қарор доранд.

Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати таъмини сарсабзию шукуфонии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар чор ноҳия муассисаҳои давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона» таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо дар самти ободонӣ, сабзазоркунӣ ва  шукуфон гардонидани пойтахт назаррас мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: