Ду корманди соҳаи адлия ва маориф бо ҷурми даст задан ба коррупсия боздошт шуданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти се нафар шаҳрвандон хабар медиҳад, ки бархе аз онҳо бо истифода аз вазифаи хизматӣ ба амали коррупсионӣ даст задаанд.

Ба иттилои манбаъ, Ш.М ҳамчун корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд А.М ва корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Р аз шаҳрванд «А» маблағ ситонидаанд.

«Номбурдагон тахминан моҳҳои январ-марти соли 2019 аз шаҳрванд «А» барои ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барқарор намуданаш дар ҳаҷми 1500 доллари америкоӣ талаб карда гирифта, байни худ тақсим намуданд», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Зимнан, донишҷӯ бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар, барои давомоти нокифоя, қарздории академӣ, сари вақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома ва дигар ҳолатҳое, ки дар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳавӣ ва оинномаи муассисаҳо муқаррар гардидааст, аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад.

Дар асоси меъёрҳои моддаи 21 қисми 16-и Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», донишҷӯ баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк кардани муассисаи олии таълимӣ зимни боқӣ мондани ҳамон шакли таълим (ройгон ё пулакӣ), ки мутобиқан пеш аз тарк кардан таҳсил мекард, ҳақ дорад барои таҳсил ба муассисаи олии таълимӣ барқарор гардад.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин кирдори бадқасдонаи номбурдагон ба шаҳрванд «А» зарари калони моддӣ расонида шудааст.

Бояд зикр намуд, ки тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дар асоси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Дар Кодекси ҷиноятии амалкунандаи мамлакат, ки моҳи августи соли 2018 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави онро бо тағйиру иловаҳо ҷонибдорӣ ва қабул намуд, барои амалҳои коррупсионӣ дар асоси қарори суд ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз озодӣ  пешбинӣ карда шудааст.

«Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Ш.М, А.М ва С.Р бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад», — афзуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: