Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «BEST UNIVERSITY» гардид

Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи «BEST UNIVERSITY»-ро ба роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур супорид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷоизаи мазкур дар ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати маориф ва илм оид ба фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли равон, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гардид, супорида шуд.
Бояд гуфт, ки Иттиҳодияи Академияи Оксфорди Англия бо пешниҳоди Кумитаи номиналии байналмилалӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро барои нишондодҳои шоён дар соли 2016, аз қабили дастрасии таълим, сифати хизматрасонии таълимӣ, касбияти омўзгорон, сатҳи аккредитатсияи донишгоҳ, таъминот бо пойгоҳи техникӣ, иштироки фаъол дар барномаҳои таълимии байналмилалӣ ва мубодилаи устодону донишҷӯён бо муассисаҳои таълимию илмии байналмилалӣ, истифодаи тарзу усули навини таълиму барномаҳо, густариши робитаҳои байналмилалӣ, ки пурра ба номгӯи «Best regional University» мутобиқ аст, бо мукофоти байналмилалии «BEST UNIVERSITY» («ДОНИШГОҲИ БЕҲТАРИН») қадрдонӣ намуд

АМИТ "Ховар"